ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон, ки соли равон раёсат дар Созмони ҳамкории Шонгҳойро ба уҳда мегирад, пешниҳоди мулоқоту муколамаҳо бо "Толибон"*-ро кард.
Ба гуфтаи Мирзиёев, "Толибон"* дар Афғонистон далели раднашавандае аст ва бояд бо он муколамаҳо баргузор шаванд. Ӯ зарур хонд, ки дар идораи сиёсии давлат бояд тамоми намояндагони ақшору ақвом иштирок намоянд. Ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ ва занҳо риоя гардад, таъкид намуд Мирзиёев.
Ӯ барои ҷилавгирӣ аз буҳрони башарӣ дар ин кишвар масъалаи бозкушоии дороиҳои басташудаи давлати Афғонистон дар хориҷро ба миён гузошт.
Мирзиёев инчунин ташкили мулоқотҳои сатҳи баланди СҲШ - Афғонистонро пешниҳод намуда, изҳори омодагӣ кард, ки нахустин чунин як мулоқотро дар Тошканд баргузор созад.
Феълан таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе идома дорад. СҲШ ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистонро шомил буда, расмиёт барои узвияти комилҳуқуқи Эрон низ дар нишасти Душанбе оғоз гаштааст.
Дар нишасти Душанбе сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди (онлайн), раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, президенти Чин Си Ҷинпин (онлайн ), президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазири Покистон Имрон Хон, президенти Русия Владимир Путин (онлайн) ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат мекунанд.
Ҳамчунин сарони кишварҳои нозири СҲШ - президентҳои Белорус Александр Лукашенко, Эрон Иброҳими Раисӣ ва Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух (онлайн) низ дар ин нишаст иштирок доранд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар