Ҷабборов хостори камарбанди амниятӣ дар Осиёи Марказӣ шуд

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар нишасти солгарди СҲШ ширкат варзид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 сен – Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пешниҳод кард, ки дар Осиёи Марказӣ камарбанди амниятӣ таъсис дода шавад. Ӯ ин ташаббусро дар нишасти солонаи Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе эълон кард.
"Ба ташаккули камарбанди амниятӣ дар минтақа бояд таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад", - гуфт ӯ.
Ҷабборов ҳамчунин омодагии Қирғизистонро барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба Афғонистон эълон кард.
Ёдовар мешавем, ки 17 сентябр дар Душанбе, дар маҷмааи Кохи Наврӯз, ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай оғоз ёфт, ки ба 20 -умин солгарди таъсиси СҲШ бахшида шуда буд.
Зас: Сари қудрат омадани "Толибон"* дар Афғонистон ба вазъи Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад
Дар нишаст, ки таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон идома дорад, сарони кишварҳои узви СҲШ - раҳбари Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазири Покистон Имрон Хон, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок доранд.
Президенти Русия Владимир Путин, раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин, сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ дар ҳамоиши Душанбе онлайнӣ иштирок доранд.