ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. "Ӯзбекистон феълан узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ нест",-гуфт дабири кулли СААД Станислав Зас дар зимни нишасти Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ.
Қаблан Андрей Грозин, корманди Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия, мудири бахши Осиёи Марказӣ ва Қазоқистони Институти кишварҳои ИДМ гуфта буд, ки Тошканд ба СААД бармегардад, агар эҳсос кунад, ки бо таҳдиди ҷиддие аз Афғонистон рӯ ба рӯ шудааст.
Грозин ёдовар шуд, ки Ӯзбекистон аллакай узвияти худро дар СААД ду бор қатъ кардааст.
"Расман Ӯзбекистон СААД-ро тарк накард, бори охир узвияти худро дар замони раёсатҷумҳурии президенти аввал (Ислом Каримов - таҳрир)-и ин кишвар қатъ кард, ки даврони ӯ сиёсати ин кишвар мушаххас набуд", - гуфт таҳлилгар.
Ӯзбекистон дар СААД
Миёнаҳои соли 1992 Ӯзбекистон ҳамроҳ бо Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Тошканд Созишномаи амнияти дастаҷамъиро имзо карданд, ки аз апрели соли 1994 эътибор пайдо кард.
Созишнома барои 5 сол бо имкони тамдид имзо карда шуд. Соли 1999 Ӯзбекистон аз имзои дубораи ин санад даст кашид.
Қарор дар бораи пайвастани пурраи Ӯзбекистон ба СААД моҳи августи соли 2006 қабул шуд, аммо соли 2012 Тошканд дар бораи қатъи узвияти Ӯзбекистон дар ин созмон дархост дод.