ДУШАНБЕ, 16 сен - Sputnik. Равшан Раҷабзода, намояндаи гурӯҳи нозирони байналмилалӣ аз Маҷмаъи парлумонии СААД, муовини раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон парлумони Тоҷикистон гуфт, ки дар ҷумҳурӣ барои раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонӣ ҳама шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
"Барои баргузории интихоботи Думаи давлатӣ ҳама шароит фароҳам оварда шудааст. Ҷумҳурӣ комилан омода аст", - таъкид кард ӯ.
Қайд карда мешавад, ки дар Тоҷикистон барои овоздиҳии русҳо ва тоҷикони дорои душаҳрвандӣ ҳастанд қитъаҳои интихоботӣ таъсис дода шуда аст.
Интихоботи вакилони Думаи давлатӣ дар нимаи моҳи сентябр баргузор хоҳад шуд.
Тибқи Қонуни асосӣ, рӯзи овоздиҳӣ якшанбеи сеюми моҳ аст, ки дар он ваколати Думаи даъватии пешин ба охир мерасад. Тибқи қарори мақомот, интихобот се рӯз - аз 17 то 19 сентябр идома меёбад.
Думаи давлатӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешавад: 225 вакил аз рӯйхати ҳизбӣ, 225 вакили дигар аз ҳавзаҳои якмандатӣ дар як давра интихоб карда мешаванд.
Дар Тоҷикистон ду қитъаи интихоботӣ - дар Душанбе ва Хуҷанд боз хоҳад шуд.