Раҳмон аз тақвияти нерӯҳои СПАД хабар дод

Сарвари ҷумҳурӣ натиҷаҳои раёсати Тоҷикистонро дар СПАД ҷамъбаст кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамкории кишварҳои СААД дар сатҳи сиёсӣ ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳои сиёсати хориҷӣ баҳои баланд дод.
Раҳмон натиҷаҳои раёсати ҷумҳуриро дар ин созмон ҷамъбаст карда, омодагии нерӯҳои амниятии дастаҷамъиро мусбат арзёбӣ кард.
СААД барномаи ҷадиди таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро таҳия мекунад
Раҳбари Тоҷикистон таъкид кард, ки ин омодагӣ бо таваҷҷуҳ ба вазъи муташанниҷ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ниҳоят муҳим аст.
Ӯ гуфт, ки кишварҳои СААД нақшаи муҷаҳҳаз кардани нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъро қабул кардаанд.

"Кори қабули нақшаи муҷаҳҳазсозии нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареи СААД ба анҷом расид. Ин як дастоварди хеле муҳим аст, қарори дахлдор дар ин бора имрӯз қабул хоҳад шуд", - гуфт президенти Тоҷикистон.

Президенти Тоҷикистон афзуд, ки дар ҷаҳон тағйиротҳои зиёде ба амал омадаанд, ки ба амнияти миллии кишварҳои узви ин созмон таҳдид ва чолишҳои зиёдеро ба вуҷуд овардаанд.