Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳукми абади ду тоҷикистонӣ дар Қирғизистон ва талаби Муллоҷонов аз ҳукумат

Шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз задухӯрдҳои 28-29 апрел боздошт шуданд ва ҳоло додгоҳ ҳукми онҳоро эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Додгоҳи вилояти Бодканд ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҳукми абад маҳкум кард, хабар медиҳад 24 kg бо истинод ба Хадамоти иттилоотии Осиёи Марказӣ.
Бар хабари манбаъ, Аскар Юнусов ва Абдурозиқ Қаҳҳоров дар робита ба муноқишаи ахири марзӣ ба ҳабси абад маҳкум шуданд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон бо моддаҳои 380 (ҷиноят ба зидди сулҳ) ва 391 (ғоратгарӣ) гунаҳкор дониста шуданд.
Дар ҳамин ҳол, сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов дар сафҳаи Фейсбукии худ аз маҳкум шудани ду тоҷикистонӣ ба ҳукми абад шадидан изҳори нигаронӣ намуд.
"Ҳадафи ин амал дар он аст, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дода шавад, ки дар бархӯрди гузашта маҳз тоҷикон гунаҳкор ҳастанду бетартибиҳо ҳам аслан бо дасти тоҷикон амалӣ шуданд", - навиштааст ӯ.
Дар идома, ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб намуд, ки барои наҷоти ин ду шахс ба таври ҷиддӣ талош кунанд. Ба боварии ӯ, агар ҳукумат баҳри раҳоии онҳо коре сомон нагирад, пас дар оянда дар сурати сар задани ягон нофаҳмӣ бо ҳамсоякишвар, бисёриҳо барои ҳифзи марзу бум намехезанд.
"Чӣ суде аст аз хезиши мардумӣ, агар иштирокчиёни он аз тарафи давлати худ пуштибонӣ нашаванд? Сипас артишу марзбонон дар лаҳзаҳои ногувор танҳо, бе дастгирии густурдаи мардум, хоҳанд монд", - бо нигаронӣ навиштааст Муллоҷонов.
Созишҳои нави Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди марз
Ӯ мегӯяд, дар бетартибиҳои ахир ҷониби қирғизҳо низ хонаву ашёи сокинони Тоҷикистонро оташ заданд, аммо онҳоро зуд раҳо карданду ба ҷавобгарӣ ҳам накишаднд.
Агар акаллан ду-се нафар аз ин тоифа дастгир мекардем, имруз имкони иваз кардани онхоро ба шахрвандони махкумшудаи мо пайдо мешуд, навиштааст ӯ.
Ёдрас мешавем, ки вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мушкил боқӣ мемонад. Баъзан дар минтақаҳои сарҳадӣ миёни сокинони маҳаллӣ ва низомиён муноқишаҳо авҷ мегиранд.
Яке аз задухӯрдҳои бузургтарин ҳодисаи апрел дар минтақаи обанбори Головная, воқеъ дар болооби дарёи Исфара буд.
Дар натиҷаи муноқиша, ки чанд рӯз идома ёфт, даҳҳо нафар кушта ва садҳо сокини ҳарду ҷумҳурӣ зарар диданд. Сабаби асосии низоъҳо минтақаҳои тақсимнашуда мебошанд. Ҷонибҳо наметавонанд дар бораи моликияти беш аз 70 қаламрави баҳсбарангез пас аз фурӯпошии ИҶШС ба тавофуқ бирасанд.