ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ки дар Душанбе ҷараён дорад, кишварҳои аъзоро ба омодагии дифоӣ ва сиёсӣ даъват кард.
"Вазъ дар ҳудуди кишварҳои СААД ва берун аз марзи он на танҳо ноустувор аст, балки мушкилоти воқеан шадид ва хатарҳое барои амнияти кишварҳои мо ба миён меорад", - гуфт раҳбари Русия.
Вай афзуд, ки дар ин замина СААД бояд омода бошад, ки аз иқтидори пурраи дифоӣ ва сиёсии худ барои нигоҳ доштани субот дар қаламрави худ истифода кунад.
Вай инчунин аз хуруҷи шитобкоронаи ИМА аз Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақа гуфт.
Ӯ гуфт, хуруҷи нирӯҳои ИМА бо ҳампаймонҳояш куллан вазъи Афғонистонро дигаргун кард.
Раисиҷумҳури Русия ширкаткунандагони ҷаласаро хотиррасон кард, ки дар нишасти қаблӣ раҳбарони СААД дар бораи зарурати "ҳар лаҳза барои истифодаи пурраи зарфияти дифоӣ ва сиёсии СААД омода будан" ба мувофиқа расидаанд.
Путин афзуд, ки ин барои таъмини амният ҳифзи сулҳу субот дар кишварҳо муҳим аст.