Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Тоҷикистон аз коронавирус пок шуд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ба COVID-19 дар 24 соати гузашта дар ин кишварро нашр кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадиди гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирус дар 24 соати гузаштаро нашр намуд.
Бинобар иттилои вазорат, тайи шабонарӯзи ахир ҳич мавриди ҷадиди ибтило ба бемории COVID - 19 сабт нашудааст.
Вазорат гузориш додааст, ки дар шабонарӯзи гузашта чаҳор нафар аз гирифторони коронавирус комилан шифо ёфтаанд.
Вазири тандурустӣ мегӯяд, пирӯзӣ бар коронавирус дар Тоҷикистон наздик аст
Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ, аз аввали сабти ин беморӣ то рӯзи 14 сентябр дар кишвар, дар маҷмӯъ, 17 084 нафар гирифтори коронавирус шудааст, ки аз ин теъдод то ҳол 16 960 нафар шифо ёфтаанд.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, ҳич як нафар ба унвони гирифтор ба бемори COVID-19 сабт нашудааст.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронавирус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.