Ҷабборов: Бо “Толибон”* бояд гуфтугӯ кард

Раисҷумҳури Қирғизистон дар бораи зарурати гуфтугӯ бо “Толибон”* ва ҳамкориҳои эҳтимолӣ бо ин гурӯҳ таъкид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен –Sputnik. Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон дар зимни ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД гуфт, ки бо мақомоти нави Афғонистон бояд гуфтугӯ кард.
Вай афзуд, “баррасии имкони ҳамкорӣ дар масъалаҳои гуногун барои ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъ дар ин кишвар муҳим аст”.
Дар Афғонистон ба далели ишғоли қудрат аз сӯйи гурӯҳи “Толибон”* вазъи вахиме ба вуҷуд омадааст.
Чанде пеш намояндагони ин гурӯҳ ҳайати ҳукумати навро эълон карданд, ки бар хилофи интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ташкил шудааст.
Кишварҳои СААД гуфтаанд, паноҳандаҳои афғонистонӣ ва пойгоҳҳои ИМА-ро намепазиранд
Бинобар ин дар ин кишвар авзоъ вахим арзёбӣ мешавад: садҳо ҳазор афғонистонӣ мехоҳанд ин кишварро тарк кунанд, буҳрони башарию иқтисодӣ ин кишварро таҳдид мекунад.
Давлатҳои ҳамсоя на танҳо аз афзудани паноҳандаҳо, балки аз табдил ёфтани Афғонистон ба макони террористон ҳарос доранд.

"Таъсиси давлати динӣ дар Осиёи Марказӣ, бешубҳа, ба вазъи кунунии кишварҳои узви ин созмон таъсири манфӣ мерасонад",-менависад дафтари матбуотии президенти Қирғизистон.

Ҷабборов изҳори умедворӣ кард, ки сулҳ дар ҷумҳурии ҳамсоя барқарор мегардад ва ҳамчунин дар он ҳукумати фарогир "бо шакли сохтори давлатие, ки барои мардуми ин кишвар қобили қабул аст", ташкил мешавад.
* - як созмони террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст