Баргузории нишасти СҲШ ва СААД таҳти тадобири шадиди амниятӣ дар Душанбе

Пулис ва нигаҳбонҳо дар биноҳои калидии пойтахт шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар Душанбе посбонии шабонарӯзӣ доранд, хабар додааст мухбири ТАСС.
Бинобар баргузории нишастҳои СҲШ ва СААД дар пойтахти ҷумҳурӣ амнияти шаҳри Душанбе тақвият мешавад.
Гуфта мешавад, ки пулис иншоот ва маконҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим, аз ҷумла фурудгоҳ, меҳмонхонаҳо ва хатсайрҳои кортежи ҳукуматиро посбонӣ мекунад.
Тақвияти амният дар шаҳр бинобар расидани мақомоти олии кишварҳои аъзои СҲШ ва СААД ба Душанбе пиёда шудааст.
СҲШ ва СААД дар Душанбе: Кадом роҳҳо баста мешаванд?
Ба гуфтаи яке аз сокинони Душанбе, дар пойтахт мақомоти пулис барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳамроҳ бо сагҳои хидматӣ кӯчаҳоро назорат мекунанд.
Ҳамчунин нуқтаҳои нозироти БДА дар даромадгоҳи шаҳр тақвият шудаанд, қабл аз вуруди мусофирон ба пойтахт мошинҳои онҳо мавриди санҷиш қарор мегиранд.
Қаблан низ БДА аз роҳбандиҳои серӯза хабар дода, аз сокинони берун аз шаҳр даъват карда буд, ки давоми ин рӯзҳо бидуни зарурат бо мошинҳояшон ба пойтахт наоянд.
Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва нишасте бахшида ба 20 -умин солгарди СҲШ рӯзҳои 16 ва 17 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.