ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Як зани 41-солаи сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба идораи милиса арз кардааст, ки мавриди фиреби як масъули ширкати сохтмонӣ қарор гирифтааст.
Ба иттилои ВУД, ин зан изҳор доштааст, ки мудири ширкати "Толсохтмон", марди 46-сола моҳи июли соли 2019 аз ӯ 11 ҳазору 600 доллари амрикоӣ гирифтаст.
Масъули ширкати сохтмонӣ ваъда додааст, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба ин зан ба ивази 11,6 ҳазор доллараш хонаи истиқоматие ба масоҳати 60 метри мураббаъ медиҳад.
"Инчунин, номбурда моҳи июли соли 2019 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ҳамин роҳ ба боварии зани 46-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, 10 ҳазору 500 доллари амрикоиро баргардонида, боқии пул, 9 ҳазору 500 доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст", - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ин масъули ширкати сохтмонӣ ба ҷабрдидаҳо на маблағашонро баргардондааст, на хона додааст.
ВУД мегӯяд, феълан таҳқиқи ин қазия идома дорад.