ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Сарфи назар аз камбуди муҳоҷирони корӣ чораандешиҳо алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ бояд ба таври доимӣ амалӣ карда шаванд, изҳор дошт котиби матбуоти президенти Русия, Дмитрий Песков.
"Шумо медонед, ки норасоии коргарон, камбуди муҳоҷирони меҳнатӣ дар бархе соҳаҳо ба таври шадид эҳсос мешавад ва ин боиси нигаронии кобинаи вазирон шудаст, ки феълан сари ин масъала кор мекунанд", - изҳор дошт сухангӯи раисиҷумҳури Русия.
Ӯ таъкид намуд, ки чораҳо алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ бояд мунтазам татбиқ гарданд.
Ба гуфтаи сухангӯи раисиҷумҳур, таъмини қонуният дар умури муҳоҷират дар авлавият мебошад.
Ба суол, ки оё вазъи феълии муҳоҷирати ғайриқонунӣ қарорҳои алоҳида дар сатҳи федералиро талаб мекунанд ва оё раисиҷумҳур дар ин бора дастуре хоҳад дод, Песков гуфт, ки феълан ягон чорае баррасӣ нашуда истодааст ва қабул нагардидааст.
"Ин вобаста аст ба вазъи мушаххас дар минтақаи мушаххас, иншооти мушаххас аст ва ин ҳамаро якҷо кардан ба гумон аст, ки имконпазир бошад", - хулоса кард ӯ.
Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир бархе ҳолатҳои содир кардани ҷиноят аз сӯи муҳоҷирон дар сархати расонаҳои Русия қарор гирифта, бархе аз дастандаркорон аз кишвар хориҷ карда шуданд.