ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷии "Толибон"*, ки ахиран дар Афғонистон тамоми қудратро ба даст гирифт, аз кормандони тамоми намояндагиҳои Афғонистон дар хориҷ аз кишвар хост, ки кори худро дар хориҷ ба таври муқаррарии идома диҳанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вазири умури хориҷии "Толибон"* ҳамчунин гуфт, ки Афғонистон мехоҳад бо кишварҳои ҷаҳон муносиботи хуб дошта бошад, аммо афзуд, ки Амрико набояд ба ин кишвар фишор биёранд.
Дар посух ба суоли хабарнигоре дар бораи идомаи кори кормандони мақомотҳои давлатӣ Муттақӣ гуфт, ки онҳо аз ҳама кормандон хоҳиш кардаанд, ки ба кор баргарданд.
Ин мақоми баландпояи "Толибон"* ҳамчунин афзуд, ки гурӯҳ талош доранд, имконоти сармоягузорӣ дар Афғонистонро беҳтар намоянд, то вазъи иқтисодии ин кишвар беҳтар шавад.
“Илова бар ин мо аз кормандони Вазорати умури хориҷии собиқ (ҳукумати мустаъфӣ) хоҳиш кардем, ки ба ҷои кори худ баргарданд”, - гуфт ӯ.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистону Русия мамнуъ аст