ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирус дар 24 соати гузаштаро нашр намуд.
Бинобар иттилои вазорат, тайи шабонарӯзи ахир ягон ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба бемории COVID - 19 сабт нашудааст.
Илова бар ин давоми ин муддат ягон кас ҳам аз ин беморӣ нафавтидааст.
Вазорат гузориш додааст, ки дар шабонарӯзи гузашта се нафар аз гирифторони коронавирус комилан шифо ёфтанд.
Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ, аз аввали сабти ин беморӣ то рӯзи 14 сентябр дар кишвар, дар маҷмӯъ, 17 084 нафар гирифтори коронавирус шудааст, ки аз ин теъдод то ҳол 16 956 нафар шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронавирус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.