ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории БЕЛТА, ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Душанбе раисҷумури Белорус Александр Лукашенко бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кардааст.
Тибқи иттилои манбаъ, мулоқоти сарони ду кишвар чанде пас аз вуруди Александр Лукашенко ба шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Зимни мулоқот сарони ду кишвар масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, вазъи низомию сиёсии минтақа ва баргузории нишастҳои СААД ва СҲШ-ро, ки дар рӯзҳои наздик дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад, баррасӣ карданд.
Ёдрас менамоем, ки дар пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои 15-17 сентябр ҷаласаи Шӯрои аҳдномаи амнияти СААД ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхайро баргузор мешавад.
Манбаъ таъкид қайд кардааст, ки раисҷумҳури Беларус дар ин сафараш ҳамчунин бо роҳбарони дигар давлатҳо мулоқотҳои дуҷониба дорад.