ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров зимни нишасти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ, вазирони дифоъ ва дабирони Шӯрои амнияти СААД дар Душанбе гуфт, ки чаро Федератсияи Русия бо "Толибон" робита дорад.
Ба гуфтаи раҳбари Вазорати умури хориҷии Русия, ин ба хотири рафъи ҳама гуна хатарҳо барои кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ зарур аст.
""Толибон" ҳадафҳои худро эълон кард, аз ҷумла уҳдадории худро ба муборизаи минбаъда бо терроризм, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир. Онҳо ҳамаро итминон доданд, ки кореро анҷом медиҳанд, то минбаъд дар Афғонистон таҳдиде барои кишварҳои ҳамсоя вуҷуд надошта бошад", - таъкид намуд Лавров.
Ба гуфтаи ӯ, "Толибон" итминон дод, ки нияти ноором кардани вазъ дар кишварҳои ҳамсояро надорад ва ҳукумати фарогиреро ташкил хоҳад дод, ки доираи васеи ҷомеаи Афғонистон - сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабиро инъикос мекунад.
Дар идома ӯ афзуд, ки Русия дар баробари аксари кишварҳои ҷаҳон аз чунин равиш истиқбол кард ва ҳоло мушоҳида мекунад, ки дар амал чӣ сурат мегирад.
Ба боварии ӯ, ҳоло фурсати зиёд нагузаштааст ва хулосабарорӣ кардан ҳам барвақт аст.