Лавров аз фирори Ғанӣ ва робитаи Русия бо "Толибон"* гуфт - видео

Сергей Лавров дар шарҳи робитаи Русия бо "Толибон* гуфт, ки ин кор ба хотири коҳиш додани хатар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом мешавад
Sputnik
Вазири умури хориҷаи Русия, ки дар феълан дар Душанбе қарор дорад, зимни нишасти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ, вазирони дифоъ ва дабири Шӯрои амнияти СААД сабаби тамос доштани Русия бо "Толибон"* - ро шарҳ дод.
Ба гуфтаи раҳбари Вазорати умури хориҷии Русия, ин ба хотири рафъи ҳама гуна хатарҳо барои кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ зарур будааст.

"Толибон" ҳадафҳои худро эълон кард, аз ҷумла масъулияти худро ба муборизаи минбаъда бо терроризм, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир. Онҳо ҳамаро итминон доданд, ки кореро анҷом медиҳанд, то минбаъд дар Афғонистон таҳдиде барои кишварҳои ҳамсоя вуҷуд надошта бошад", - таъкид намуд Лавров.

Ба гуфтаи ӯ, "Толибон" итминон дод, ки нияти ноором кардани вазъ дар кишварҳои ҳамсояро надорад ва ҳукумати фарогиреро ташкил хоҳад дод, ки доираи васеи ҷомеаи Афғонистон - сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабиро инъикос мекунад.