ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дар нишасти кишварҳои СААД дар Душанбе изҳороти муштараке дар бораи вазъи Афғонистон қабул шуд, гуфт дабирии кулли СААД Станислав Зас дар суҳбат бо хабарнигорон.
Ба гуфаи ӯ, дар пайи ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони дифоъ ва Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти ин созмон чанд санад ба имзо расид. Бахусус намояндагони созмонҳои СААД ба баёнияи муштарак дар бораи вазъи Афғонистон имзо гузоштаанд.
Ҳамчунин изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ дар бораи ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо терроризми сайберӣ, дар бораи талошҳои дастаҷамъона барои ҳалли вазъиятҳои буҳронӣ дар Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ тасдиқ шудааст.
Котибони Шӯроҳои амнияти СААД тасмим гирифтаанд, дар робита ба масъалаҳои амнияти биологӣ шӯрои ҳамоҳангсоз таъсис диҳанд.
Ҷузъиёти санадҳои имзошуда ҳанӯз расонаӣ нашудааст.
Ҳамзамон гуфта мешавад, дар нишасти 16 сентябр дар Душанбе ҷонибҳо дар бораи таҷҳизи нерӯҳои дастаҷамъӣ бо аслиҳа ва техникаи муосир созишнома имзо мекунанд.
Намояндагони СААД борҳо таъкид кардаанд, ки созмон омодааст, дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Афғонистон ба Тоҷикистон кумаки фаврӣ намояд.
Илова бар ин нерӯҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар наздикии марзҳои Афғонистон тамрин анҷом медиҳанд, то дар сурати вуруди ҷангҷӯён ба марзи кишварҳои узв бо онҳо муқобила кунанд.