ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Бозии тими "Истиқлол"-и Душанбе ва "Персеполис"-и Эрон рӯзи 14 сентябр дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гашт ва бо бохти тими Тоҷикистон анҷом ёфт.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, ин бозӣ бо ҳисоби 0:1 ба фоидаи футболбозони Эрон хотима ёфт. Ҷараёни ин бозиро 18 000 нафар тамошо намуданд.
Голи ягонаро футболбози эронӣ Маҳдии Торобӣ дар дақиқаи охири дидор ба ҳадаф расонд ва дастаашро ба даври чорякфинал бурд.
Маврид ба зикр аст, ки "Истиқлол" барои бори аввал дар Лигаи қаҳрамонии Осиё ширкат кард.