ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Фавзия Кӯфӣ, роҳбари ҷараёни сиёсии “Мавҷи таҳвил”, намояндаи мардуми Бадахшон дар Шӯрои Миллӣ ва аввалин зани ноиби парлумони Афғонистон, дар "Твиттер"-и худ навиштааст, ки танҳо роҳи пешрав ин аст, ки ҳар зан ва мард бо ҳам барои як Афғонистони беҳтар ҳамкорӣ кунанд.
"Пешниҳоди ман ба "Толибон"* ин аст, ки музокира бо занон, тавофуқ бар ҳамзистии сиёсӣ аз тариқи меъёрҳои демократикро рӯи даст бигиранд",- гуфт ӯ.
Фавзия Кӯфӣ қаблан гуфта буд, ки мардуми Афғонистон, бахусус занону кӯдакон дар нуқоти мухталифи кишвар дар ҷараёни ҷангҳо хисорот ва талафоти зиёдро таҳаммул карданд. "Давлати Афғонистон ва гурӯҳи "Толибон"* аз тахриби таъсисоти омма, қатлу куштори ғайринизомиён, муҷозоти худсарона, кӯчҳои иҷборӣ ва даҳҳо мавриди дигари нақзи ҳуқуқи башарӣ ба гунаи худдорӣ кунанд",-афзуд ӯ.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамануъ аст