ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Ӯзбекистон ба Толибон* кумаки башардӯстона фиристод ва рӯзи 14 сентябр намояндагони ин ҳаракат онро аз масъулини Ӯзбекистон дар шаҳри Мазори Шариф дастрас намуданд.
Бар хабари Sputnik Ӯзбекистон ин кумак аз ғизо, дору ва либос иборат буда, он бояд миёни сокинони нодор тақсим карда шавад.
Зимнан, муовини вазири фарҳанг ва иттилоот дар робита ба кумакҳои ирсолнамудаи Ӯзбекистон аз номи ҳукумати муваққатӣ ба Шавкат Мирзиёев ва шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ барои таваҷҷӯҳ, дастгирӣ ва ҳамбастагӣ дар чунин давраи ҳасос изҳори миннатдорӣ намудааст.
Зикр мегардад, ки кумакҳои башардӯстона аз Ӯзбекистон тавассути роҳи оҳани Хайратон- Мазори Шариф интиқол дода шуда, онро намояндаи махсуси президенти Ӯзбекистон оид ба Афғонистон Исматулло Эргашев ба масъулини муваққати ин кишвар супурдааст.
* ҳаракати фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия