ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Тоҷикистон нақшаи ҷалби нерӯҳои СААД ба ҳифзи сарҳад бо Афғонистонро надорад, иттилоъ дод Аҳмад Саидмуродзода, сардори раёсати кишварҳои ИДМ - и Вазорати умури хориҷӣ ва иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози миллӣ дар умури СҲШ.
"Ҷалби нерӯҳои кишварҳои узви СААД барои мудофиа ё таъмини амнияти навоҳии наздисарҳадӣ бо Афғонистон феълан дар дастури кор нест", - изҳор доштааст Саидмуродзода дар суҳбат бо ТАСС.
Намояндагони СААД борҳо таъкид карданд, ки дар сурати зарурат нерӯҳои ин созмон омодаанд, фавран ба кумаки Тоҷикистон фиристода шаванд. Ин таъкидҳо дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон борҳо аз сӯи масъулини СААД садо доданд.
Инчунин интизор меравад, ки дар ҳамоиши сарони давлатҳо дар Душанбе санади ҳамкорӣ барои мусаллаҳсозии нерӯҳои муштараки СААД бо муосиртарин лавозимоти ҷангӣ имзо гардад.
Мақомдорони СААД инчунин чандин размоиши муштарак дар наздикии марз бо Афғонистонро гузаронда, бархе дигарро дар нақша доранд, ки ба бартарафсозии хатарҳои бархоста аз Афғонистон равона шудаанд.