ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Президенти Русия, Владимир Путин пас аз тамос бо нафароне, ки гирифтори коронавирус буданд, фавран аз ташхис гузашт, гуфтааст сухангӯи ӯ Дмитрий Песков.
Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи ташхиси Путин манфӣ баромад.
" Ӯ куллан сиҳҳату саломат аст", - таъкид намуд намояндаи Кремл.
Песков зикр намуд, ки миёни атрофиёни Путин чанд нафар гирифтори коронавирус шуданд, вале ӯ дақиқан нагуфт, ки онҳо ваксин гирифта буданд ё на.
Илова бар ин маълум нест, ки ин маризон хешовандон, муҳофизони раисҷумҳур буданд ё кормандони хадамоти протоколӣ.
"Духтурон кори худро иҷро мекунанд. Ин як амали муқаррарӣ аст, зеро вақте ки шахс бо беморон дар тамос мешавад, вай бояд чанд рӯз ҳатман дар инзивоъ бимонад", - шарҳ додааст Песков.
Ҳамин тариқ Владимир Путин то як муддат аз вохӯрию нишастҳои рӯ ба рӯ худдорӣ мекунад. Дар нишастҳои СҲШ ва СААД, ки ин ҳафта дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, кишвардори Русия аз тариқи онлайн иштирок мекунад.