ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, домоде дар ноҳияи Шаҳринав иддао дорад, ки хусури 68-солааш ӯро шадидан зери зарбу шатм қарор додааст.
Ба иттилои манбаъ, ба идораи милиса дар ноҳияи Шаҳринав марди 46-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст.
Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки падарарӯсаш дар дохили хонаи истиқоматиаш, бидуни далеле ӯро задааст.
ВУД-и Тоҷикистон дар иттилоияе, ки 14 сентябр нашр кардаст, изҳор медорад, ки ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Манбаъ таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 111-и Кодекси ҷиноӣ, барои қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ бо таваҷҷуҳ ба шароиту ангезаҳои содир кардани ҷиноят аз 5 то 15 соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Қаблан мақомоти умури дохилии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар кишвар бисёре аз ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла расондани зарари вазнин ба саломатӣ ва ё куштор дар заминаи муноқиша миёни аъзои як оила сурат мегиранд. Мақомот аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки мухолифатҳоро дар доираи меъёрҳои инсонию қонун ҳал кунанду аз даст задан ба аъмоли ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд.