ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия зимни ҷаласаи онлайнӣ бо аъзои Ҳукумат изҳор дошт, ки сафар ба Тоҷикистонро лағв кард, чун рӯзи дароз бо нафаре кор кард, ки гирифтори коронавирус будаст.
"Ин корманд воксин гирифта буд, аммо сатҳи титрҳояш поин шуд, дубора ваксина гирифт, аммо зоҳиран каме дер кардаст. Ба фикрам баъди се рӯзи воксингирии дубора, ӯ бемор шудааст", - шарҳ дод Путин.
Раисиҷумҳури Русия гуфт, бо нафари гирифтор рӯзи дароз кор кард ва ин як санҷиш барои "Спутник V" мебошад. Путин зикр намуд, ки воксини "Спутник V" - ро гирифта, феълан сатҳи масунияташ баланд мебошад ва ин як санҷиши самаранокии воксин хоҳад буд.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки Владимир Путин намехоҳад саломатии шариконашро зери хатар гузорад.
"Амалан президент нафари иртиботдошта бо шахси бемор ҳисоб мешавад ва бояд дар зимни мавзеъгирӣ масъулият дошта бошад. Набояд саломатии шарикони худ - иштирокдорони ҳамоишҳои Душанберо зери хатар гузорад", - изҳор дошт Песков.
Ин дар ҳолест, ки таъкид мешавад, бар асоси хулосаи ташхисҳо Путин сиҳат буда, гирифтори коронавирус нест.
Қаблан иштироки Путин дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД рӯзҳои 16 - 17 сентябр дар назар буд. Аммо Кремл эълон кард, ки ба далели қарантин Путин дар ҳамоишҳои Душанбе аз тариқи видеоконфронс иштирок хоҳад кард.