ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон дар як изҳорот гуфт, ки машварати ӯ ба "Толибон"* ин буд, ки онҳо ба зудӣ як ҳукумати фарогир ташкил кунанд, хабар медиҳад, Sputnik Афғонистон.
"Ҳукумат ба унвони сарпараст эълон шудааст. Умед ин буд, ки ҳамашумул бошад ва кӯшиш низ ин ҳаст, ки ҳамашумул шавад",- гуфтааст Карзай.
Ба гуфтаи Карзай, пас аз эълони ҳукумат ӯ бо раҳбарони "Толибон"* суҳбат дошт ва онон гуфтаанд, ки талошҳо барои ҳамашумул сохтани ҳукумат идома дорад.
"Маслиҳати мо ба "Толибон"* ин аст, ки ҳукумат бояд ҳарчи зудтар фарогир бошад ва ҳар қадаре ки тамоми мардуми Афғонистон худро дар он бубинанд, ҳамон қадар вазъ ба эътидол меояд ва ба мардум хидмат мекунад", - таъкид кардааст, Президенти пешини Афғонистон.
Раисҷумҳури собиқи Афғонистон мегӯяд, ки то ҳол бо раҳбарони "Толибон"* дар тамос аст, то сулҳ дар Кобул барқарор шавад.
Ёдовар мешавем, 7 сентябр "Толибон"* кобинаи муваққатиеро таҳти сарварии Муҳаммад Ҳасани Охунд эълон карданд.
Ҳазфи Вазорати умури занон аз ҷониби "Толибон"* ва ҳамашумул набудани ин ҳукумати нав вокунишҳои шадиди дохилию байналмилалиро ба бор овард.
Чанд кишвар, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида гуфтаанд, ки "Толибон"* бинобар амалҳои худ доварӣ хоҳад шуд.
Мавриди зикр аст, ки то ҳол ҳеҷ кишвар ҳукумати "Толибон"*-ро эътироф накардааст.
* - созмони террористие, ки дар Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо фаъолияти он мамнуъ аст