Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Кумаки Аврупо ба Тоҷикистон барои қабули фирориён аз Афғонистон

Мэрилин Йосефсон, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон гуфт, барои қабули фирориёни афғон дар кишвар кумак мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Иттиҳоди Аврупо дар посух ба дархости ҳукумати Тоҷикистон барои фирориёни афғон дар кишвар 160 ҳазор евро ҷудо кардааст.
Ба иттилои Йосефсон, Иттиҳоди Аврупо ин маблағро барои омодагиҳо ба қабули фирориён аз Афғонистон ва таъминони ниёзи аввали онҳо дар минтақаи марзӣ ҷудо кардааст.
Таъкид шудааст, ки кумак аз хаймаҳо, халтаҳои хоб, бастаҳои ғизою тиббӣ ва дигар ашёи ниёзи аввали рӯзгор иборат буда, тариқи Созмони ҳилоли аҳмар дар Тоҷикистон ироа мегардад.
Ба иттилои дипломати аврупоӣ, аз ин кумакҳо метавонанд то 5 ҳазор гуреза дар минтақаҳои наздисарҳадии Хатлону Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бархӯрдор шаванд.
Йосефсон изҳор доштааст, ки Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳоро бо Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар созмонҳои хайриявӣ дар бахши гуманитарӣ идома медиҳад.
"Толибон"* ба Шавкат Мирзиёев барои ирсоли кумаки башардӯстона сипос гуфтанд
Дар пасманзари ғасби қудрат аз сӯи "Толибон"* дар Афғонистон теъдоди фирориён аз ин кишвар майли афзоиш дорад. Таъкид мешавад, ки "Толибон"* бархилофи ваъдаҳои қаблияшон барои риояи ҳуқуқи инсон, одитарин ҳаққи мардум, аз қабили таҳсилу корро барои занон риоя намекунанд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар