ДУШАНБЕ, 13 сен – Sputnik. Дар Ӯзбекистон соли ҷорӣ сатҳи дониши шаҳрвандон ба 99,99 фисад баробар шудааст. Дар ин бора ЮНЕСКО дар гузориши ахири худ хабар дод.
Тибқи гузориши ин созмон, новобаста аз афзоиши сареи аҳолӣ мақомоти маҳаллӣ тавонистанд доираи фарогирии таҳсилоти томактабиро аз 24 дарсади соли 2017 то 62 фисад дар соли ҷорӣ афзоиш диҳанд.
Бар замми ин давоми се соли ахир шумораи мактабҳои олӣ дар Ӯзбекистон ду маротиба афзоиш ёфтааст. Интизор меравад, то соли 2030 мизони фарогирии мактабҳои олӣ то 60 фисад расонида шавад.
Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи соли 2022 дар Тошканд Конфронси умумиҷаҳонии таҳсилоти томактабӣ таҳти роҳбарии ЮНЕСКО баргузор мешавад.