ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии асъори хориҷиро нисбати сомонӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди БМТ, як доллар ҳоло ҳам 11,32 сомонӣ арзиш дорад ва дар пасманзари асъорҳои дигар дорои арзиши нисбатан устувор боқӣ мемонад.
Дар бораи қурби евро бошад, бояд гуфт, он дар Тоҷикистон аз аввали моҳи сентябр ба шино даромадааст.
Ҳамин тариқ, пас аз коҳиши ахири арзиши евро дар Тоҷикистон дубора қурби он рӯ боло овард ва феълан як евро баробар ба 13,3938 сомонӣ аст. Аммо дар дигар ташкилотҳои қарзӣ ин мизон ба 13,60 сомонӣ мерасад.
Қимати рубл нисбатан муътадил аст. Ҳазор рубли русӣ дар кишвар баробар ба 154 сомонӣ аст.
Ҳамин тавр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.3938 то 13.6000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1546 то 0.1560 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.