ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мегӯяд, дар атрофи ӯ одамони зиёде мубталои коронавирус ҳастанд.
Ӯ дар ояндаи наздик ба қарантин фаро гирифта шудани худро ҳам истисно накард.
"Мутаассифона, дар мо ҳам вазъ чунин аст... Пизишкон меомӯзанд.... ҳатто дар муҳити ман ҳам мушкилот бо ковид ба миён меояд. Фикр мекунам, ки дар ояндаи наздик маҷбурам, ба қарантин равам", - тавзеҳ дод Путин зимни дидори худ бо варзишгарон дар Кремл.
Ёдовар мешавем, кишвардори Русия Владимир Путин алайҳи коронавирус ваксин гирифта буд.
Ҷараёни ваксингирии президент оммавӣ нашуд ва маълум ҳам набуд, ки роҳбари Русия аз кадом ваксин истифода кардааст.
Баъдан зимни суҳбати мустақимаш бо мардум Путин иқрор шуд, ки ваксини русии "Спутник V" гирифтааст.
Путин хотиррасон кард, ки вай моҳи феврали соли 2021, замоне ки ду навъи ваксина - "ЭпиВакКорона" ва "Спутник V" дар гардиш буданд, ваксин гирифта буд.
Президент қайд кард, ки дар ибтидо аз ӯ хоҳиш карданд, ки бо кадом ваксина эм шуданашро ифшо накунад, то рақобат пайдо нагардад.