Ҳавопаймои мусофирбари "L - 410" дар наздикии деҳаи Казачинскоеи вилояти Иркутск суқут кард.
Дар дохили ин ҳавопаймо 16 мусофир, аз ҷумла ду узви экипаж қарор доштанд. Дар ин садама халабон ва се сарнишини он ба ҳалокат расиданд. Илова бар ин даҳ мусофири дигар дар бемористон бистарӣ шуданд ва пизишкон вазъи саломатии чор сарнишинро вазнин арзёбӣ кардаанд.
Гуфта мешавад, дар зимни ин садама бархе аз мусофирон дар солуни ҳавопаймо дармонда буданд.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи тафтишот чанд омили сар задани садамаро зикр кардааст. Ду омили асосӣ ноуҳдабароии халабон ва нуқси техникӣ арзёбӣ шудааст.
Зимнан навори суқути ҳавопаймои "L-410" ба шабакаҳои иҷтимоӣ ёфтааст. Дар навор дида мешавад, ҳавопаймо бо бархӯрдан ба дарахтони ҷангал ба замин сарозер мешавад.