ДУШАНБЕ, 13 сен – Sputnik. Сармураббии тими "Персеполис" -и Эрон Яҳё Гулмуҳаммадӣ омодааст, мураббии тими миллии футболи Тоҷикистон шавад.
Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар сурати дарёфти чунин пешниҳод аз ҷониби Тоҷикистон омодааст, онро баррасӣ кунад.
"Ҳоло ман мураббии "Персеполис" ҳастам, бо даста як соли дигар шартнома дорам. Агар ба ман пешниҳоди ҷиддӣ барои роҳбарияти тими миллии Тоҷикистон расад, ман омодаам, онро баррасӣ кунам", - гуфт Гулмуҳаммадӣ.
Санаи 14 сентябр дар Душанбе "Персеполис" дар даври 1/8 финалии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо "Истиқлол" вомехӯрад. Ҳадс зада мешавад, ки дар зимни мусобиқаи ин ду тим эҳтимоли пешниҳоди Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи раҳбарии тими миллии кишвар аз тарафи Яҳё Гулмуҳаммадӣ вуҷуд дорад.
Мураббии собиқи даста Усмон Тошев бинобар ба охир расидани шартномааш дар нимаи моҳи май аз вазифааш канор рафт ва дар бошгоҳи "Нурафшон" ("Бухоро") -и Ӯзбекистон ба фаъолият пардохт.
Ба тими ӯ Далер Қайсов, ки ба ҳайси ёвари мураббӣ дар тими миллии Тоҷикистон кор мекард ва мураббии дарвозабон Алишер Тӯйчиев, ки чанде пеш "Хуҷанд" - ро тарк карда буд, ҳамроҳ шуданд. Илова бар ин Тошевро мураббиёни Бухоро Мирислом Ҳасанов ва Сӯҳроб Қобилов кумак мекунанд.
Ёдовар мешавем, аз рафтани Тошев қариб шаш моҳ гузашт, аммо тими миллии Тоҷикистон то ҳол мураббии нав пайдо накардааст.