ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ду сонеҳае, ки дар Ҳисор ва шаҳри Душанбе рух доданд, дар пай талафоти ҷонӣ доштаанд.
Бар гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 11 сентябр дар роҳҳои мошингари Душанбе ва Ҳисор ду садамаи маргбори нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷаи ин садамаҳо ду нафар қурбон шудаанд.
Манбаъ меафзояд, садама дар шаҳри Ҳисор соати 20:10 дақиқа, ҳангоме рух дод, ки ронандаи 58-сола, сокини ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба монеи канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири ин автомашина, зани 57 - сола, ки ба эҳтимоли зиёд хешованди ронанда буд, ҷароҳатҳои вазини ҷисмонӣ бардошт. Ҳарчанд мусофирро зуд ба бемористон интиқол додаанд, вале табибон ӯро аз марг наҷот дода натавонистаанд.
ВУД Тоҷикистон аз як садамаи дигари нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар шаҳри Душанбе ба вуқуъ омадааст. Дар ин ҳодиса, ронандаи 30-сола, сокини пойтахт аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба автомашинаи дигар, ки таҳти идораи ронандаи 58-сола будааст, бархӯрдааст.
Ин ниҳод меафзояд, бар асари бархӯрд, ронандаи 58-сола шадидан маҷрӯҳ шуд ва дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расид.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳар ду сонеҳа парванда боз шуда, таҳқиқ дар ин маврид идома дорад.