ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дарвозабонҳо ва масъулини постгоҳҳо мегӯянд, бо мардум муносибати хуб доранд, аммо онҳо аз тарси такрори ҷанг тарки хонаҳояшон карда истодаанд.
Дар даромадгоҳи Панҷшер, ки акси Аҳмадшоҳи Масъуд насб буд, канда шудааст. Дарвозабон мегӯяд, ин кори худи мардум аст, "Толибон"* дар ин даст надоранд.
Тайи чанд муддате, ки хабарнигор бо масъулини постгоҳҳо суҳбат мекард, сокинон савори даҳҳо мошини ҳомили лавзимоти рӯзгор тарки Панҷшер мекарданд. Онҳо далели тарки Панҷшер карданро ба эҳтимоли такрори ҷанг рабт дода, мегӯянд, маҷбуранд, кӯдакону бонувонро берун баранд.
Дар ин суҳбатҳо, ки пеши ҷангиёни "Толибон"* сурат мегирифт, ронандагон мегӯянд, аз онҳо муносибати баде надидаанд.
Дар ҳамин ҳол хабарнигор мегӯяд, аз "Толибон"* муҷаввизи корро дораду онҳоро бар амрикоиҳо беҳтар медонад, чун афғонистонӣ ҳастанд. Дар посух ба ин суол ки Аҳмад Масъуд беҳтар аст ё "Толибон"*, хабарнигор мегӯяд, ки ҳарду, чун аз Афғонистонанд. Ӯ зарур хонд, ки афғонистониҳо тариқи музокира ба ҷанг хотима диҳанд.
"Толибон"* дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ Афғонистонро ғасб карда, ташкили аморати исломиро эълон намуданд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар