Чину Русия ва Эрон - се давлате, ки вазири корҳои хориҷии "Толибон"* мехоҳад сафар кунад

Толибон сафари вазири нави хориҷияшон Амирхон Муттақиро ба Русия, Чин ва Эрон зарур мешуморанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Суҳайл Шоҳин, намояндаи дафтари сиёсии "Толибон"*, гуфтааст, сафар ба ин кишварҳо ва равобити сиёсӣ бо онҳоро зарур мешуморад.
Ӯ гуфтааст, ин масъала дар равобити дуҷониба бо ин кишварҳо ҳал хоҳад шуд.

"Ин сафарҳо ба нақша гирифта шудаанд, аммо вақти анҷоми онҳо ба сурати дуҷониба бояд баррасӣ шаванд".

Дар робита ба имкони иваз кардани ҳайати намояндагиҳои хориҷии Афғонистон ӯ қайд кард, ки дар сурати зарурат тағирот ворид мешавад.
Қаблан Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе гуфт, ҳич яке аз 67 сафорати Афғонистон дар кишварҳои хориҷӣ режими радикалии "Толибон"-ро* эътироф намекунад.
"Толибон"* хабари марги Мулло Бародарро рад кард
Ёдовар мешавем, ки ҳамалоти "Толибон"* барои ғасби қудрат дар Афғонистон пас аз эълони хуруҷи нерӯҳои ИМА аз ин кишвар тасреъ шуд ва тайи чанд рӯз ба қудрат расиданд.
* - Ҷунбиши Толибон дар Федератсияи Русия ва Тоҷикистон террористӣ эътироф шудааст.