Чаро бунёди иттиҳоди кишварҳо тӯл мекашад?

Феълан Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё панҷ кишвар, Русия ва Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистонро шомил мешавад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Петр Акопов. Ваҳдати Русия ва Белорусия устувортар шуд. Баъд аз тавофуқи Путин ва Лукашенко дар Маскав, дирӯз қарори тавофуқи иҷроӣ кардани 28 барномаи иттиҳодӣ бо ҳадафи ягона кардани қонунгузории ду кишвар дар соҳоти мухталифи иқтисодӣ аз тарафи нахуствазирони Русия ва Белорусия дар Минск ба имзо расид. Бунёди ҳудуди воҳиди иқтисодӣ ба марҳалаи ҷадид расид, аммо “иқдоми бисёр ҷиддӣ”-и раисҷумҳурҳо на танҳо барои Русия ва Белорус, балки барои раванди ҳамоиши кулли фазои пасошӯравӣ аз аҳамияти хоса бархурдор аст.
Иқдоми феълӣ барои фаъолияти минбаъдаи наздикшавии кишварҳо, бахусус дар чаҳорчӯби иттиҳоди ҳамоишӣ – Иттиҳоди Авруосиё намуна хоҳад буд. Дар иртибот ба ин масъала Лукашенко босароҳат гуфт: “Мо намунаеро ба намоиш хоҳем даровард, ки ба чӣ шевае ба самти ИИАО ва ИДМ бояд ҳаракат кард. Бахусус мо чун булдозер ба умеди анҷуманҳо ва созмонҳои иттиҳодӣ пеш меравему роҳро барои дигарон тоза мекунем. Иттиҳод ин намуна аст, ин роҳест, ки кишварҳои хоҳони эҷоди иттиҳоди наздиктар онро бояд тай кунанд”.
Мақомот гуфтанд, барои вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чӣ монеъ мешавад
Феълан Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё панҷ кишвар, Русия ва Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистонро шомил мешавад. Дер ё зуд Тоҷикистон, Ӯзбектстон ва муҳимтар аз ҳама Украина ҳам ба он хоҳад пайваст. Дарҳои иттиҳод барои вуруди кишварҳои шӯравии собиқ бозанд, зеро барқарор кардани ваҳдати таърихӣ на танҳо ба манфиати Русия, ба манфиати бештаре аз қисматҳои давлати собиқи мо, балки ба манфиати он нухбагоне, ки муътақиданд, мустақил зиндагӣ мекунанд ва ё онҳое, ки дар манозили урупоӣ сабти ном мешаванд, низ ҳаст. Мо дар якҷоягӣ нерӯмандтар мешавем, ҳоло агар аз нагусастани равботи таърихӣ чизе нагӯем ҳам, қонунҳои геополитикаро намешавад сарфи назар кард.
Русия фазои таърихии худро, ки пас аз ИҶШС фурӯ пошид, барқарор мекунад. Ин ҷараёнро танҳо бо пароканда кардани Русияи феълӣ – Федератсияи Русия, шикастани сутунмуҳраи тамаддуни Русия метавон боздошт. Аммо шикасти Русия иттифоқ намеуфтад, пас ҳамоиш ногузир хоҳад буд.
Кишварҳои мустақил лозим ба эҳсоси хатар доранд? На, чун Русия ҳеч касро фурӯ бурданӣ нест, касеро барои пайвастан маҷбур намекунад, ҳама чиз мутобиқи раванди табиӣ, гардиши таърих сурат мегирад. Русия қатъан ва ба таври мудовим ин ҳамаро дунбол мекунад, то рақибони геополитикӣ равандҳои моил ба марказро халалдор накунанд.
Раванди ҳамоиш бо Белорус беҳтарин шакли таъйиди ин гуфтаҳост. Ҳамоиши муҷаддад замоне тасреъ шуд, ки Белорусия таҳдид ба истиқлолашро ҳис кард, таҳдид на аз Русия, балки аз Ғарбе, ки мехост аз мушкили сиёсии дохилии Белорус истифода кунад. Вақте ки бархеҳо суқути ҳукумати Лукашенко ва хуруҷи Белорус ба Ғарбро пешбинӣ мекарданд, ба унвони посухи муносиб ба Русия пешниҳод карданд, ки “Белорус гирифта шавад”, ба ин маънӣ ки аз тариқи зӯр ба Русия мулҳақ шавад. Аммо ин усули мо нест, зеро миёни мо иттиҳоде вуҷуд дорад, вуҷуди ин иттиҳод на рӯйи коғаз аст, балки воқеист.
Посухи Муҳриддин ба суоли оё Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил мешавад
Русия ва Белорус танҳо шарик нестанд, балки онҳо қисматҳое аз як кишваранд. Бале, ин ду кишвар раисҷумҳур ва пули ягона надоранд, вале эътирофи ваҳдати рӯҳию таърихӣ худ иттиҳоди низомӣ ва фазои воҳиди иқтисодӣ аст. Ҳамчунин хоҳиши муштараки идомаи ҳамоиш оддӣ нест, балки дарки ин нуқта аст, ки мо ҳамеша якҷоя хоҳем буд ва касе моро аз ҳам ҷудо карда наметавонад.
Аммо чӣ гуна ҳамоиши сиёсӣ? Ҳама бояд бо он тамом шавад? Бале, чунин хоҳад шуд, аммо танҳо муҳлат маънии усулӣ надорад. Лукашенко бисёр дуруст гуфт: “Агар боз ҳам ҳамоиши низомӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ лозим аст, агар чунин дархосте аз мардуми худ дар Русия ва Белорус эҳсос шавад, онро ба таври марҳалаӣ анҷом хоҳем дод
Ин ҷо на танҳо таҳдидҳои Ғарб бар ҳифзи Белорусия аз ҷониби Русия таъкид мекунанд, балки баёнияҳое вуҷуд доранд, ки равобити ин ду кишвар аз худи онҳо вобаста аст. Иштибоҳҳои гузаштаро бо ақл бояд исбот кард, бо назардошти он чӣ ки дар соли 1991 рӯй дод.
Ҳамоиши ду кишвар дар оянда ногузир аст. На танҳо барои он ки дар қадами аввал бояд кулли масири ҳамоиши иқтисодиро тай кард, балки барои нишон додан ба кишварҳои шӯравии собиқ, бахусус дигар аъзои ИИАО. Бояд нишон дод, ки Русия бар манофеи мардум эҳтиром дорад ва ҳам нухбагони маҳаллиро бояд нишон дод, ки Русия ҳукумати онҳоро барандохтанӣ нест.
Аммо бо вуҷуди ин аз манофеи худ, аз таъсири худ болои ин кишварҳо, бахусус ҳангоми мудохилаи кишвари сеюм ҳимоят бояд кард. Ҳамоиши муҷаддад худ аз худ ба вуҷуд намеояд. Ҳол он ки ҳамоиш на танҳо барои мо бозии геополитикии оддӣ ва амнияти миллӣ нест, балки ояндаи мардуми мо ва тамаддуни бузурги онро шомил мешавад.