ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Афроде, ки дар тахриби санги мазори Аҳмадшоҳ Масъуд даст доштаанд, муҷозот шуданд, хабар додаст Herat Times бо такя ба Толибон*.
Ба иттилои манбаъ, санги мазор барқарор гардида, дубора дар ҷояш насб шудаст. Шабакаи телеграми Sputnik Афғонистон бо нашри акси мақбара аз қавли Herat Times овардааст, ки муҳофизати мақбараи Аҳмадшоҳ Масъуд пурзӯр шудааст, то аз такрори тахрибкорӣ ҷилавгирӣ гардад.
Қаблан хабар дода шуд, ки аъзои гуруҳи Толибон* сарпӯши шишагии мақбара, ки ояи Қуръони карим дар он навишта шуда буд, шикаста, ҳамчунин санги мазорро пора намудаанд.
Қаблан Вазорати корҳои дохилии Афғонистон изҳоротро дар бораи тахриби қабри Масъуд аз ҷониби ҷангиёни Толибонро* рад кард.
Аммо наворю аксҳо аз мақбараи тахрибшуда ба воқеӣ будани ин хабар далолат медоданд. Аммо Толибон* нахуст аксу наворҳоро "қалбакӣ ва фотошоп" хонданд, вале дар ниҳоят тахрибкориро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки сангро ба Кобул бурда, барқарор месозанд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар