Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Толибон* лавҳаи ёдгории Ато Муҳаммади Нурро шикастанд - акс

Шояд яке аз сабабҳои ин амали нангини Толибон* ифшо намудани номҳои террористони дигар гурӯҳҳо, ки ҷангҷӯён "бародар" мехонанд, аз ҷониби Ато Муҳаммади Нур бошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Аъзоёни гурӯҳи радикалии Толибон* (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон), дар лавҳаи ёдгорӣ санги бахшида ба раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон Ато Муҳаммади Нурро шикастанд.
Дар ин бора шабакаи телеграммии Sputnik Афғонистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки лавҳаи ёдгорӣ дар шаҳри Мазори Шариф воқеъ будааст.
Лавҳаи ёдгорӣ дар шаҳри Мазори Шариф
Дар ин лавҳа як санге бо акси Ато Муҳаммади Нур - яке аз чеҳраҳои намоёни арсаи сиёсии Афғонистон, бахшида шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки Ато Муҳаммади Нур, рӯйхати раҳбарони созмонҳои террористии Чин, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро нашр кард, ки аз сӯи як шаҳрванди Қазоқистон ба ном “Ҳоҷӣ Фурқон” раҳбарӣ мешаванд.
Ин ҳам қисмате аз рӯйхати афроди масъул ва саргуруҳҳои созмонҳои террористие, назири "Ал-қоида"*, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ*, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон* ва "Ансоруллоҳ"* аст.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Санги тахрибкардаи қабри Масъудро барои барқарор кардан ба Кобул мебаранд
Масъули матбуотии Ато Муҳаммади Нур бо ироаи ин рӯйхат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, он дар пайи як иттилои афроди Ҷамъияти исломӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон тайи чанд моҳи ахир ҷамъоварӣ ва тартиб шудааст.
"Ба ҳама кишварҳои минтақа ва ҷаҳон маълум бод, ки "Толибон"* онҳоро "бародари исломӣ" ва "меҳмон" хонда, омодаи таслими онҳо ба кишварҳояшон нестанд ва ба тааҳуде, ки ба ҷомиаи байнулмилалӣ доранд, он ҳам ҳамкорӣ накардан ва паноҳ надодан ба террористони хориҷӣ, аслан эътино намекунанд", - гуфт ин манбаъ.
Вокуниши духтари Аҳмадшоҳ Масъуд ба тахриби мақбараи падараш
Ёдрас мешавем, ки пештар Толибон* санги оромгоҳи қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъудро тахриб ва баъдан барои барқарор кардан ба шаҳри Кобул фиристоданд.