ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Таъминоти барқ дар Панҷшер танҳо қисман барқарор шуд, хабар додааст Sputnik Афғонистон бо такя ба манобеяш.
Ба иттилои хабаргузорӣ, феълан нерӯи барқ дар Панҷшер аз даромадгоҳи водӣ то қароргоҳи волӣ таъмин мебошад. Аз ин нукта шимолтар ҳанӯз барқ дастрас нест.
Зикр шудааст, ки феълан интернет пурра қатъ буда, алоқаи мобилӣ аз бархе ширкатҳо танҳо дар бархе қуллаҳо дастрас мебошад.
Қаблан ширкати барқрасони минтақаӣ иттилоъ дод, ки интиқоли нерӯи барқ ба Панҷшер аз сар гирифта шуд.
Дар ҳамин ҳол Толибон* ҳанӯз ҳам интиқоли маводи ғизоиро ба Панҷшер иҷозат намедиҳанд.
Таъкид шудаст, ки зӯргӯӣ нисбати сокинони мулкӣ ба ҳадде афзоиш ёфтааст, ки бархе навори бархе ҳолатҳо ба интернет низ роҳ ёфтаанд. Сокинони мулкӣ барои худ роҳи дигар, ҷуз тарки вилоят карданро намебинанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар