43 - сола: даргузашти муҷрии барномаҳои телевизиони Русия

Барандаи телевизион Анастасия Анисимова пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 43 -солагӣ даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар Екатеринбург дар синни 43-солагӣ рӯзноманигор ва барандаи телевизион Анастасия Анисимова пас аз бемории тӯлонӣ даргузашт.
Маълумоти дахлдор дар вебсайти ҳукумати вилояти Свердловск нашр шудааст.
Тамошобинон Анисимоваро аз барномаҳое мисли "Девони Вазирон" (Кабинет министров), "Территорияи қонун" (Территория права), "Қудрати чорум" (Четвертая власть), мешинохтанд.
Даргузашти Жан-Пол Белмандо, ҳунарпешаи шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ
Барандаи телевизион чеҳраи Телевизиони минтақавӣ буд, ки аз соли 2001 дар он ҷо кор мекард.
Аз соли 2015 вай шӯъбаи робита бо ҷомеаи ширкати "Облкоммунэнерго" -ро сарварӣ мекард ва аз соли 2019 масъулияти ҳамкорӣ бо ВАО дар комиссияи интихоботии вилояти Свердловскро бар ӯҳда дошт.
Ровии телевизиони Ӯзбекистон зимни пахши мустақим беҳуш шуд - видео
Аз моҳи феврали соли 2021 Анисимова дар шӯъбаи сиёсати иттилоотии вилояти Свердловск, дар вазифаи муовини директор кор мекард.