Толибон*: барои мубориза бо терроризм ниёз ба кумаки хориҷӣ надорем

Узви дафтари сиёсии Толибон* дар Қатар аз ироаи маълумот дар мавриди террористҳои хориҷӣ ба рӯзномаи “Global Times” худдорӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Суҳайл Шоҳин, узви дафтари сиёсии Толибон* мегӯяд, ки ин гурӯҳ бидуни кумаки кишварҳои дигар бо терроризм мубориза хоҳад бурд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Манбаъ хабар додаст, ки номбурда ин нуктаро дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Global Times” изҳор доштааст.
Вай таъкид кардааст, ки ин гурӯҳи Толибон* ният надорад амалиёти муштараки зиддитеррористиро алайҳи муттаҳидони хориҷӣ анҷом диҳад.
Маршал Дӯстум аз СММ даъват кард, ки пеши роҳи куштори қавмӣ дар Панҷшерро гирад
Оқои Шоҳин афзуд, ки кишварҳои дигар низ метавонанд тавассути тамосҳои дипломатӣ бо ҳукумати нави Афғонистон нигарониҳои худро баён намоянд ва хадамоти кашшофи Афғонистон дорои силоҳ ва таҷрибаи зарурӣ барои мустақилона посух додан ба ин мушкилот мебошанд.
Бояд қайд кард, ки Толибон* пас аз фирори Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Кобулро бидуни ҷанг ишғол карданд. Раисҷумури ин кишвар пеш аз воридшавии ҷангҷӯёни Толибон* ба Кобул, истеъфо доду пойтахти кишварро тарк кард.
Имрӯзҳо ҷунбиши Толибон* контроли тамоми минтақаҳои Афғонистонро дар даст доранд.
* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.