ДУШАНБЕ, 11 сен - Sputnik. Тибқи иттилои хадамоти кашшофӣ, даҳҳо ҳазор ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистон, аз ҷумла дар вилоятҳои ҳаммарз бо Осиёи Марказӣ ҳузур доранд.
Дар ин бора Дмитрий Медведев, раиси Шӯрои амнияти Русия дар як мақолаи худ, ки ба муносибати солгарди ҳамлаҳои террористии 11 сентябр ба шаҳри Ню Йорк дар нашрияи интернетии Gazeta.ru ба чоп расид, баён доштааст.
"Мувофиқи маълумоти хадамоти кашшофӣ, ҳоло дар ин минтақа даҳҳо ҳазор ҷангҷӯёни ДИИШ* ва пайравони онҳо ба сар мебаранд, ки қисми зиёди онҳо дар вилоятҳои шимолу шарқ, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳаммарзанд ҳузур доранд. Роҳбарони “Давлати исломӣ” борҳо ба таври возеҳ нақшаҳои худ дар бораи густариши нуфузи худ ба тамоми минтақаро эълон карда буданд", - навиштааст сиёсатмадори рус.
Ба гуфтаи Медведев, оқибатҳои ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон фалокатбор буда, Вашингтон бефоида 1,5 триллион долларро дар Афғонистон "массраф" кард ва натавонист бар терроризм дар ин минтақа пирӯз шавад.
"Ҳузури Амрико дар Афғонистон 20 - сол тӯл кашид. Дар ин муддат Иёлати Муттаҳида 1,5 триллион доллар дар Афғонистон" масраф карданд, аммо хароҷот комилан бефоида будаст", - навиштааст Медведев.
Муовини раиси Шӯрои Амнияти Русия аз Вашингтон даъват кардааст, ки аз сиёсатмадори нокомаш дар мубориза бо терроризм дар Афғонистон ибрат гирад.
"Хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон танҳо фаъолияти созмонҳои террористиро боз ҳам зиёдтар кард. Ин созмонҳои террористӣ, то ҳол ба киишварҳои Осиё, Африқо, Ховари Миёна ва Аврупои таҳдидӣ бузург эҷод мекунанд", - илова кард Дмитри Медведев.
Дар миёни дигар мушкилоти ҳалнашуда дар Афғонистон, муовини роҳбари Шӯрои амнияти Русия ҳамчунин ба мушкилоти маводи мухадди ишора кардааст.
Вазъ дар Афғонистон мохи июн дар пайи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣшиддат пайдо кард. Дар моҳи августи ҷангҷӯёни Толибон** вориди шаҳри Кобул шуданд ва қасри рисҷумҳурро ғасб карданд.
Ашраф Ғанӣ аз мақоми роҳбари давлат истеъфо дод ва ҷумҳуриро тарк кард.
* - “Давлати исломӣ”, созмони дар қаламрави Русия мамнӯъ.
** - гурӯҳи Толибон, ки дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.