ДУШАНБЕ, 11 сен – Sputnik. Мақомоти милитсия дар ҳоле нисбати Абдунаим Махкамов, сокини 42 солаи ҷамоати Шӯроби шаҳри Исфара парванда боз намудаанд, ки дар содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад.
Акбар Шарифӣ, масъули матбуотии РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи парвандаи Махкамов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ин сокини шаҳри Исфара давоми моҳи август дар чанд ҳолат бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи сокинони шаҳри Конибодом даромада, пул ва ҷавоҳироти онҳоро рабудааст.
“Санаи 4 август аз хонаи сокини ҷамоати Ҳ. Ортиқови шаҳри Конибодом 510 сомонӣ дуздидааст. Санаи 22 август аз хонаи як сокини дигар ҷавоҳироти тиллоӣ ҷамъ ба маблағи 9 ҳазор сомонӣ ва инчунин аз хонаи як сокини ҷамоати деҳоти Пӯлотони Конибодом ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ пул ва тилловорӣ дуздидааст”, - гуфт Шарифӣ.
Бино ба иттилоъи манбаъ, Абдунаим Махкамов то ин замон панҷ маротиба дар солҳои 2003, 2006, 2009, 2017 ва ахиран соли 2019 бо ҷурми содир намудани дуздӣ маҳкум шуда буд, аамо аз ин кирдори худ даст накашидааст.
Баъди ошкор шудани силсиладуздиҳо аз хонаҳои сокинони шаҳри Конибодом, мақомоти милитсия нисбати Махкамов бо моддаи 244 қисми 4 (дуздӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.
Мабаъ таъкид доштааст, ки дар ҳоли ҳозир, тафтишоти ин парванда аз сӯи мақомоти милитсия идома дорад.