ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Раҳбари ҳизби Ҳаракати миллии исломии Афғонистон, собиқ ноиби аввали ҷумҳурӣ, маршал Абдулрашид Дӯстум аз СММ ва дар маҷмӯъ ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки поксозии қавмиро дар Панҷшер аз ҷониби ҷангҷӯён қатъ кунанд.
"Ман аз СММ хоҳиш мекунам, ки хомӯширо бас кунад ва аз террористони рӯйхати сиёҳ даъват кунад, ки ба поксозии қавмӣ ва наслкушӣ дар Панҷшер хотима диҳанд", - навиштааст ӯ дар саҳифаи Твиттераш.
Ба гуфтаи ӯ, зарур аст, ки дарҳои дараи Панҷшерро боз кард, ба расонаҳо имкон дода шавад, ки рӯйдодҳоро инъикос кунанд ва ҳамчунин ба Панҷшер кумакҳои башардӯстона расонанд.
"Фалокат наздик аст", - мегӯяд Дӯстум.
Илова бар ин, Дӯстум аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус кишварҳои ҳамсояи Афғонистон даъват кард, ки "барои истиқбол кардани давлати террористӣ дар Афғонистон шитоб накунанд, ки дар он кобина аз террористони эътирофшудаи ҷаҳонӣ ташкил шудааст."
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, Муҳаммад Зоҳир Акбар рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки раҳбарони сиёсии Ҷумҳурии Исломӣ аз ҷумлаи мухолифони Толибон, маршал Дӯстум, ба зудӣ Шӯрои дастгирии нерӯҳои муқовиматро таъсис хоҳанд дод.
Рӯзи душанбе мақомоти Толибон* пас аз ишғоли водии Панҷшер, ки макони Ҷабҳаи муқовимати силлӣ аст, хабар додадн, аммо муқовиматгарон гуфтанд, ки дар минтақа ҳастанд ва ҷангро идома медиҳанд.
* - ташкилоти террористӣ, ки дар Русия ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст