Баррасии мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо намояндагони ВКД-и Астрахан

Сдача экзаменов в центре тестирования мигрантов. Архивное фото
Намояндаи вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо сардори Шуъбаи оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии Шуъбаи полиси ноҳияи Советскии шаҳри Астрахан мушкилоти муҳоҷирони тоҷикро дар ин минтақа баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо Дмитрий Шелепов сардори Шуъбаи оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии Шуъбаи полиси ноҳияи Советскии шаҳри Астрахан мулоқот намуд.
Бино бар иттилои манбаъ, тарафҳо зимни мулоқот вобаста ба масъалаҳои барасмиятдарории будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, бақайдгирии зисти муваққатии муҳоҷиратӣ, қонунигардонии шаҳрвандон гуфтугӯ карданд.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки ҷонибҳо масъалаи тартиби дарёфти машваратҳои ҳуқуқӣ, анҷом додани фаъолияти расмӣ дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор доданд.
Ширин Амонзода, министру труда и занятости провел встречу с лидерами таджикских диаспор
Вазорати меҳнат диаспораҳои тоҷик дар хориҷро, ҳамчун шарикони рушд эътироф мекунад
Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо аз ҳамкориҳои муштарак ва самарабахши мақомотҳои марбутаи Тоҷикистон ва Русия дар бахши муҳоҷиратӣ изҳори хушнудӣ намуданд.
Тарафҳо дар поёни мулоқот барои густариши ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф ибрози назар карданд.
Гуфта мешавад, ки тарафҳо барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобила изҳори омодагӣ намуданд ва барои мусоидат ба ҳали масъалаҳои муштарак изҳори омодагии худро баён карданд.