Абдуллоҳ Абдуллоҳ хабари боздошти худ ба дасти Толибонро рад кард

Раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон хабар боздошти худ аз сӯи Толибонро*, ки як хабарнигор ҳиндӣ нашр карда буд, рад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон, хабарро, ки гӯё ӯ тавассути Толибон* боздошт шуда ва ба мааҳҳалӣ номаълум интиқол ёфтаастро рад кард, иттилоъ додааст SputnikАфғонистон.
Бино ба иттилои манбаъ, оқои Абдуллоҳ дар як Твити худ ин хабарро "беасос ва дурӯғ" номидааст.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз хабарнигорон даъват кард, ки пеш аз нашри чунин хабарҳо онро таҳқиқ кунанд.
Як рӯзноманигори ҳиндӣ қаблан хабар дода буд, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз ҷониби Толибон* боздошт ва ба ҷои номаълум интиқол дода шудааст.
* - гурӯҳи террористие, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст