Устои таъмиргар бо мошини мизоҷаш дучори садамаи маргбор шуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, устои таъмиргар бо мошини мизоҷаш дучори садамаи маргбор шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. ВУД Тоҷикистон иттилоъ дод, ки устои таъмиргар аз ноҳияи Ёвон ҳамроҳи як нафари дигар, мошини мизоҷашро гирифта, ба ҷамоати Норини ноҳияи мазкур омадааст.
Устои 32-сола, ки худ сокини ҷамоати Чоргул будааст, бо "Мерседес" - и мизоҷаш ба ҷамоати Норин омада, дар яке аз ошхонаҳо ғизо ва шароб истеъмол карда, ба роҳ баромадаанд.
Ду садама ва ду қурбонӣ дар ду рӯзи ахир
Манбаъ афзуд, усто, ки ҳуҷҷати ронандагӣ низ надоштааст, дар роҳи бозгашт дар ҳудуди ҷамоати Чоругл ба қутиҳои партов бархӯрдааст. Дар натиҷа ҳамроҳаш, марди 47-сола маҷруҳ шуда, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар иттилоия, ки 10 сентябр дар сомонаи ВУД Тоҷикистон нашр шудааст, замони ба вуқуъ пайвастани ҳодиса шаби 8 ба 9 сентябр гуфта мешавад.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки соҳиби мошин марди 24-сола мошинашро барои таъмир ба усто бовар карда, супоридааст.
Мақомоти умури дохилӣ таъкид намуданд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.