“Юриш ба Панҷшер норавост”: Сайёф – “душмани №1-и “Толибон*” садо баланд кард

Абдураб Расули Сайёф, маъруф ба Устод Сайёф, яке аз чеҳраҳои барҷастаи мухолифи “Толибон*” пас аз як хомӯшии тӯлонӣ аз худ дарак дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. 9 сентябр ӯ ба муносибати 20 – умин солгарди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, бо ирсоли паёме дар сафҳаи фейсбукии худ аз ӯ ҳамчун як “муҷоҳиди ростину сипаҳсолори сарбаланд ва боиззати муқовимат” ёд кардааст.
“Аллоҳи бениёз рифқати анбиёъ ва сиддиқин ва шуҳадо ва солеҳинро насибаш гардонад. Рӯҳаш шоду ёдаш гиромӣ бод”, - навиштааст Устод Сайёф.
Дар идомаи паёмаш ин чеҳраи боризи муқовимати аввал таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд ба мавзуъи Панҷшер пардохта, юриши “Толибон*” ба ин дараро маҳкум кардааст.
“Дар ин ҷо лозим медонам, ки бигӯям: Панҷшер як бахши зебо ва номдоре аз сарзамини мардхез ва боиззату пурифтихори мо (Афғонистон) мебошад. Ва юриш бар ҳарими зиндагӣ ва молу ҷону рамзҳои таърихии мардуми мусулмон ва муҷоҳиди он қатъан нораво ва дур аз мурувват асту бояд фавран мутаваққиф гардад”, - гуфтааст Устод Сайёф.
Абдураб Расули Сайёф аз “шайхулҳадис” – ҳои Афғонистон буда, қаблан ҳаракати “Толибон*” – ро ғайриисломиву ғайриафғонӣ ва байати ин ҳаракатро бо раҳбарони қаблиашон – Мулло Умар ва Мулло Мансур шаръан нораво хонда буд.
“Мурдаашон шаҳид нест, қиёми инҳо, таъсиси инҳо, ки дар вақти ҳукумати Устод Раббонӣ (1992 – 2001) сурат гирифта ва байъати инҳо ҳаром, нораво, ноҷоиз аст. Ҳадиси Пайғамбар (с) аст, ки гуфта буд, ҳар гоҳ бо ду амир байъат сурат гирифтааст, гардани дуюмашро бизанед. Мо муқассир ҳастем, ки гардани Мулло Умарро натавонистем дар аввал занем”, - гуфта буд Сайёф дар як маҳфили солгарди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд дар соли 2019.
Аҳмадинажод: ҳаводиси Афғонистон ба зудӣ домангири Покистон хоҳад шуд
Дар ҳамин ҳол, моҳи августи соли равон вақте шарфаи пои “Толибон*” аз дарвозаҳои Кобул шунида шуд, Сайёф Афғонистонро ба қасди Ҳинд тарк кард ва аз он ҷо худро ба Туркия расонд.
Наздикони ӯ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки як қатор фармондеҳони Сайёф, назири Мулло Умар, Шафиқу Маъруф, Халил ва Ҳабиби Вардуҷӣ аз Бадахшон ва Аминуллоҳ Шакурӣ, раиси Шӯрои вилояти Парвон ҳоло ба алоҳидагӣ ва дар қатори нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат бо “Толибон*” меҷанганд.
Абдураб Расули Сайёф, раиси Иттиҳоди исломӣ, як танзими муҷоҳидини Афғонистон, аз қавми паштун аст, ки 74 сол умр дорад ва дар гузашта яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати алайҳи "Толибон*" таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд буд.
* - ташкилоти террористие, ки дар Русия Тоҷикистон ва як қатор кишварҳо мамнуъ аст.