Толибон* қасам ёд намекунанд: маросими савгандёдкунии ҳукумати нави Афғонистон лағв шуд

Ҳукумати нав дар Афғонистон аз маросими савгандёдкунӣ даст кашид ва фавран ба кор оғоз кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 сен - Sputnik. Толибон* маросими савганёёдкунии ҳукумати муваққатии Афғонистонро лағв карданд, иттилоъ додааст дар саҳифаи Твиттераш узви Комиссияи Толибон* оид ба фарҳанг Инамулло Самангонӣ.
Вай тавзеҳ дод, ки маросими савгандёдкунӣ чанд рӯз пеш лағв шуд, аммо сабаби онро нагуфтанд.
Инчунин, намояндаи ҳукумати нави Афғонистон гуфт, ки хабарҳо дар бораи маросими савгандёдкунии 11 сентябр ғайр аз овоза дигар чизе нест.
Самангонӣ афзуд, ки як қисми ҳукумати таъиншудаи Афғонистон аллакай ба кор шурӯъ кардааст.
Песков гуфт, Русия дар маросими эълони ҳукумати Толибон* иштирок намекунад
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Толибон нагуфт, ки оё маросими савгандёдкунии ҳукумати нав дар оянда сурат хоҳад гирифт ё на.
Бояд қайд кард, хабарҳои лағв шудани маросими савгандёдкунӣ дар ҳоле пайдо шуданд, ки чандин кишвари мухталиф аз иштирок дар ин маросим даст кашиданд. Кишварҳои мухталиф таъкид карданд, ки ҳукумати нави Афғонистон ҳамашумул нест.
Аз ҷумла мақомоти Русия чанде пеш изҳор кард, ки намояндагони ин кишвар аз иштирок дар маросими савгандёдкунӣ даст мекашанд.
Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Соҳаил Шоҳин, намояндаи расмии дафтари сиёсии Толибон* дар Қатар дар мусоҳиба бо рӯзномаи Global Times хабар додааст, ки Гурӯҳ тасмим доранд, дар ояндаи наздик ҳайатҳои баландпояи Русия ва Чинро ба Афғонистон даъват кунанд.
"Шоҳин гуфт, ки Толибон ният доранд ҳайатҳои баландпояи Чин ва Русияро ба Афғонистон даъват кунанд. Ӯ ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки ҳайатҳои баландпояи афғон метавонанд аз Пекин ва Маскав дидан намоянд",-менависад рӯзнома.
Намояндаи доимии Русия дар СММ: Толибон* ҳанӯз ҳукумати қонунии Афғонистон нестанд
Аммо оқои Шоҳин илова кардааст, ки азбаски ҳайати ҳукумат тоза эълон шуд, то ҳол даъватномаҳо фиристода нашудаанд, аммо он дар ҷараёни корбарӣ аст", - менависад рӯзнома.
Инчунин манбаъ таъкид доштааст, ки пас аз ҳалли мушкилоти мавҷуда, Толибон* умед дорад ҳайатҳои баландпояро ба Афғонистон даъват намояд.
Ба гуфтаи Суҳаил Шоҳин, ҳукумати нав ба иқтисод, таъсиси ҷойҳои нави кори, беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ, бозсозии Афғонистон, нигоҳ доштани субот ва кор бартарӣ хоҳад дод.
* - ташкилоти террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.