ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва ҳамтои белорусаш Александр Лукашенко ахиран дар Кремл густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.
Масоили байналмилалӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон низ аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқоти Путину Лукашенко будааст.
"Кори зиёде, ки сари таҳкими ҳамгироии иқтисодии Русия ва Белорус дар доираи давлати иттиҳодӣ анҷом дода мешавад, ба марҳилаи ниҳоияш расидааст", - изҳор дошт раисиҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи Путин, ҳукумати Русия ва Белорус дар бораи кумаки ҷадид барои Минск созиш мекунанд, ки то сентябри соли 2022 ҳудуди 630 - 640 миллион долларро ташкил хоҳад дод.
Роҳбари Русия инчунин ташкили парлумони иттиҳодии ду кишварро истисно намекунад. Ӯ зикр намуд, ки чунин ҳадаф ҳанӯз аз соли 1997 гузошта шуда буд.
"Пеш аз ҳама бояд заминаи иқтисодӣ фароҳам гардад. ва баъдан табиист, ки ниёз ба танзими иловагӣ пайдо мегардад. Аз ҷумла шояд ин танзим дар сатҳи парлумони иттиҳодӣ сурат бигирад, ман инро истисно намедонам", - гуфт Путин.
Александр Лукашенко низ муътақид аст, ки ҳамгироии Белорус ва Русия ба суди тарафайн мебошад ва роҳбарон бо назардошти манофеи мардуми ду кишвар амал хоҳанд кард.
Ӯ таъкид намуд, ки иддао дар бораи "фурӯбарии Белорус аз ҷониби Русия" хабарпарокание беш нестанд.
Инчунин Маскаву Минск дар бораи сиёсати ягонаи макроиқтисодӣ, ҳамгироии низомҳои пардохт ва ҳамоҳангсозии сиёсати пулию қарзӣ созиш карданд.